Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия тарҳи Куфӣ Анонро пазируфт


Куфӣ Аннон
Куфӣ Аннон
Сухангӯи фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб дар Сурия эълон кард, ки давлати Башор Асад тарҳи Куфӣ Аннон барои хатми низоъ дар ин кишварро пазируфтааст. Аҳмад Фавзӣ гуфт, давлати Сурия бо ирсоли як нома ба Аннон хабар дод, ки ин тарҳро мепазирад. Тарҳи Аннон ба хатми билофосилаи хушунат, дастрасии созмонҳои имдодӣ ба манотиқи муҳосирашуда ва ба муколама байни давлат ва мухолифин даъват мекунад. Аъзои Шӯрои Амният, бо шумули Русияву Чин, ки ба ду қатъномаи қаблии зидди режими Асад вето гузоштанд, тарҳи Аннонро тасвиб кардаанд. Ба ҳисоби СММ, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 8000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG