Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди "Толибон" ба вакилони парлумони Покистон


Толибон чандин бор корвони борҳои НАТО-ро оташ заданд
Толибон чандин бор корвони борҳои НАТО-ро оташ заданд
Толибони Покистон ба вакилони парлумони кишвар таҳдид карданд. Онҳо изҳор намуданд, ки агар парлумон дар бораи эҳёи интиқоли борҳои НАТО ба Афғонистон аз тариқи хоки Покистон тасмим бигирад, хонаводаҳо ва пайвандони вакилонро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.

Ҳукумати Покистон моҳи ноябри соли гузашта ба нишони эътироз аз ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО ба як постгоҳи артиш, ки бар асари он 24 низомӣ кушта шуданд, интиқоли борҳои НАТО аз қаламрави кишварро манъ карда буд.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе дар парлумони Покистон баҳсу баррасиҳо дар мавзӯъи равобит бо ИМА шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG