Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон "Рӯзи Покистон"-ро ҷашн мегирад


Рӯзи ҷумъа Покистон ҷашни миллии худро баргузор кард. 23 марти соли 1940 Ҷомеаи саросарии мусулмонони Ҳинд ба раҳбарии Муҳаммад Алӣ Ҷинна-поягузори миллати Покистон дар Лоҳур қатъномаеро ба тасвиб расонд ва он оғози муборизаи истиқлолталабонаи Покистон шуд. Раҳбарони мусулмонони Ҳиндустон баъд аз он муборизаро оғоз карданд ва он 14 августи соли 1947 бо ташкили кишвари мустақили Покистон ба поён расид.
XS
SM
MD
LG