Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон: Уитнӣ Ҳюстон тасодуфан ғарқ шудааст


Пизишкони осебшиноси Лос Анҷелес дар гузориши худ гуфтаанд, сабаби фавти овозхони 48-сола Уитнӣ Ҳюстон “ғарқ шудани тасодуфӣ” будааст. Дар санад ҳамчунин омадааст, ки бемории дил ва истеъмоли кокаин низ дар марги Ҳюстон нақш доштаанд. Сухангӯи Идораи пизишкони қонунии Лос Анҷелес Крейг Ҳарвӣ гуфт, Ҳюстон муддати дароз мӯътоди кокаин будааст. Вай афзуд, ҳеҷ гуна дорувор ба марги овозхон сабаб нагаштааст. Ҷасади Ҳюстон 11-уми феврал як рӯз пеш аз маросими тақдими ҷоизаҳои Граммӣ дар ҳаммоми ҳуҷрааш дар меҳмонсаро кашф шуд.
XS
SM
MD
LG