Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Малӣ табаддулоти низомӣ ба амал омад


Низомиён дар хиёбонҳои Бамако
Низомиён дар хиёбонҳои Бамако
Дар кишвари Малӣ, воқеъ дар ғарби Африқо, табадулоти низомӣ ба амал омад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, низомиён Кохи раисиҷумҳур ва аксар биноҳои ҳукуматӣ дар пойтахт – шаҳри Бамакоро ишғол карданд.

Намояндаи низомиён дар суханронӣ аз тариқи телевизион изҳор намуд, ки сабаби табаддулот – нотавонии ҳукумат барои таъминоти артиш бо силоҳу таҷҳизот дар мубориза бо қабилаҳои ошӯбгари таворуқҳои муқими шимоли Малӣ мебошад.

Капитан Амаду Саного, раҳбари Кумитаи миллии эҳёи демократия, ки низомиён ташкил карданд, дар сартосари кишвар қуюди шабгардӣ эълон намуд.

Макони будубоши раисиҷумҳури Малӣ Амаду Тумани Туре маълум нест ва аммо намояндаи ӯ изҳор кард, ки сарвари кишвар дар макони амн қарор дорад.

Тумани Туре моҳи апрел, баъд аз анҷоми даври дуввуми президентияш, бояд ба истеъфо мерафт ва дар кишвар интихоботи президентӣ баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG