Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави фарҳангии тоҷикон дар Ботканд боз шуд


Асомуддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Асомуддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Дар вилояти Ботканди Қиғизистон маркази фарҳангии тоҷикон -- "Сомониён" ифтитоҳ шудааст. Ин марказ бо пуштибонӣ ва иқдоми сафароти Тоҷикистон дар Қирғизистон ба истиқболи иди байналмилалии Навруз ифтитоҳ шудааст. Дар расми ифтитоҳи марказ, ки дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия доир шуд, Асомиддин Саидов - сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон гуфт, "ин марказ манзили меҳмоннавозии ҳама хоҳишмандоне хоҳад буд, ки дар мавриди Тоҷикистон, таъриху адабиёт ва фарҳанги муосиру қадимии он таваҷҷӯҳ доранд." Вай афзуд, "ин марказ бо таҷҳизоти зарури муҷаҳҳаз шудааст ва сафорат тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик ба ин марказ асбобҳои мусиқии миллӣ ва муосир ворид кунад ва як дастаи эҷодӣ, аз шумори донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Қирғизистон таъсис диҳад."
XS
SM
MD
LG