Шоми рӯзи шанбе дар дараи Чичкини Қирғизистон се нафар зери тарма мондаанд. Чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса дар роҳи Бишкек-Ӯш рух додааст. Ронандаҳо ва мусофирон аз мошинҳо пиёда шудаанд, то ҷои тармаро пиёда гузаранд. Вале ҳангоми гузаштани онҳо тармаи дувввум ин одамонро пахш кардааст. Наҷотдиҳандагон шабона ба маҳали ҳодисса расида чаҳор нафарро аз зери тарма зинда берун овардаанд, вале се нафар ҷон додаанд. Ҳафтае, ки мегузарад, дар Тоҷикистон низ ду нафар қурбони тармарезӣ шуданд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо боло рафтани ҳарорати ҳаво хавфи тармарезӣ бештар мешавад.