Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафҳои Амрико дар Афғонистон бетағир мемонад


Мартин Демпсей
Мартин Демпсей
Як генерали боломақоми Амрико мегӯяд, бо вуҷуди ақибнишиниҳои ахир ҳадафҳои Амрико дар Афғонистон бетағир боқӣ мемонад. Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки Амрико гуфт, ба куштори 16 нафар сокинони вилояти Қандаҳор расидагии комил сурат мегирад. Роберт Бейлз-сарбози амрикоӣ ва ягона гумонбар дар куштори 11 март ҳоло дар боздоштгоҳи низомии Амрико нигаҳдорӣ мешавад. Демпсей мегӯяд, соли 2013 барои Афғонистон соли муҳиме хоҳад буд, зеро дар ин сол нируҳои ин кишвар назорати пурраи амният дар ин кишварро дар ихтиёри худ мегиранд.
XS
SM
MD
LG