Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се тоҷик бо 5 кг ҳероин дар вилояти Маскав


Се шаҳрванди Тоҷикистон якҷо бо ду шаҳрванди Русия дар вилояти Маскав ҳангоми интиқоли зиёда аз 5 килограм ҳероин боздошт шудаанд. Полис мегӯяд, аз муддатҳо пеш ба фаъолияти ин гурӯҳи байнулмилалии қочоқи маводи мухаддир назорат мебурд ва тавонист, онро дар сари амали ҷиноӣ боздошт кунад. Боздоштшудагон бино бар банди 228-и кодекси ҷиноии Русия дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG