Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Белгия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст


Рӯзи ҷумъа дар Белгия рӯзи мотами миллӣ ба ёди қурбониёни садамаи автомобилӣ дар Швейсария эълон шудааст, ки дар он 28 нафар, аз ҷумла, 22 кӯдак, ба ҳалокат расиданд. Бештари қурбониён сокинони Белгия мебошанд.

Баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе автобусе, ки дар он кӯдакон аз фароғатгоҳи зимистона бармегаштанд, дар як нақб дар Швейсария ба девор бархӯрд. То имрӯз ҷасади 19 қурбонии ҳодиса шиносоӣ шудааст. 8 кӯдаке, ки дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, ба белгия баргаштанд. Боқимонда маҷрӯҳон дар бемористонанд, табибон вазъи се кӯдакро сангин арзёбӣ мекунанд.

Айни ҳол се фарзияи фоҷиа тафтиш мешавад – мушкили техникии автобус, иштибоҳи ронанда ё баногоҳ бад шудани вазъи ӯ. Дар ин ҳодиса ҳарду ронандаи автобус ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG