Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад рӯзи интихоботи парлумонии Сурияро эълон кард


Башор Асад ва хонумаш Усма
Башор Асад ва хонумаш Усма
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад эълом дошт, ки рӯзи 7 май бар пояи Қонуни асосии нав интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Қонуни асосии нав моҳи гузашта дар як раъйдиҳии баҳсбарангез пазируфта шуда буд.

Дар ҳамин ҳол хушунат дар Сурия идома дорад. Дирӯз аз шаҳри Ҳумс дар бораи ҳалокати боз 20 нафар хабар расид. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ин афрод мавриди интиқоми нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтанд, ки ахиран ба маҳаллаҳаи қаблан зери назорати мухолифин будаи шаҳр ворид шуданд. Нерӯҳои вафодор ба Башор Асад дирӯз ҳамчунин шаҳри Идлиб, воқеъ дар марз бо Туркияро, таҳти назорат қарор доданд.

Ба иттилои СММ ва Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия, тайи як соли бенизомиву даргириҳо дар Сурия 8 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан 30 ҳазор нафар кишварро тарк намудаанд.
XS
SM
MD
LG