Русия мегӯяд, ҳамкории низомӣ бо Сурия ва мусаллаҳ кардани артиши онро идома медиҳад, агарчӣ кишварҳои ғарбӣ аз Маскав хостаанд, ин корашро бас кунад. Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи Русия, як ҳампаймони аслӣ ва тавонои Сурия гуфт, кишвараш, қарордодҳои таъмини Димишқ бо аслиҳаро ҳамчунон иҷро хоҳад кард. Айни замон Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, нерӯҳои Сурия роҳҳое ба самти Лубнону Туркияро минагузорӣ мекунанд, паноҳҷӯён аз минтақаҳои ноором аз тариқи ҳамин роҳҳо ба ҷойи амн мегурезанд. Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар аксари минаҳои Сурия сохти замони шӯравӣ мебошанд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони шурӯъи саркуби тазоҳуротҳои зидди ҳукумати раиси ҷумҳури Башшор Асад бештар аз 5 ҳазору 500 нафар кушта шудаанд ва 230 ҳазор нафар аз хонаҳояш гурехтаанд.