Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як сарбози афғон дар маҳалли фоҷиа


Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, ситезаҷӯёни мазнун як сарбози афғонро дар маҳалле куштаанд, ки бовар меравад, як сарбози амрикоӣ 16 ғайринизомии афғонро дар онҷо кушт. Ситезаҷӯён ҳангоми сафари ҳайъати ҳукуматӣ ба ин ду русто ба самти ин ҳайъат тир андохтаанд. Ду нафари дигар аз ҷумла як узви ҳайъат захмӣ шудаанд, ки онҳоро ду бародари Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ҳодисаи дигар, садҳо донишҷӯи афғон бо раҳпаймоӣ дар шаҳри Ҷалолобод хашми худро аз тирандозии сарбози амрикоӣ нишон доданд. Ин донишҷӯён “Марг бар Амрико” ва “Марг бар сарбози қотил” шиор медоданд.
XS
SM
MD
LG