Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сокини Қазон аз латукӯби полис


Дар шаҳри Қазони Русия тафтиши ҳалокати марде, ки гуфта мешавад баъди латукӯби кормандони полис дар бемористон ҷон додааст, шурӯъ шуд.

Сергей Назаров рӯзи 9 март дар канори як мағоза боздошт шуд. Кормандони полис мегӯянд, ки Назаров маст буд ва ба раҳгузарҳо дашном медод ва ба онҳо таҳдид мекард. Назаровро ба шӯъбаи милиса бурданд ва аммо дар он ҷо вазъаш бад шуд ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Табибон ба пайвандони Назаров гуфтаанд, ки ӯ пеш аз марг дар бораи аз сӯи чаҳор корманди полис мавриди лату кӯби шадид ва таҳқири ҷисмонӣ қарор гирифтанаш хабар додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG