Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хост, масъалаи тақсими об ҳал шавад


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз аъзои ҳукуматаш хост, мушкилоти тақсими об бо Чину Русияро ҳал кунанд. Ӯ гуфт,”мушкилоти тақсими рӯдхонаҳои фаромарзӣ” вуҷуд дорад ва об “ҳоло як сарвати стротегии лозим барои рушди муназзами иқтисодист.” Бештар аз 40 дар сади оби Қазоқистон аз берун ба ин кишвар ҷорӣ мешавад. Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи ҳукумат амр дод, то музокирот дар бораи тақсими об, ки як даҳсола боз идома дорад, суръат бахшида шавад ва ҳосил диҳад. Қазоқистону Чину Русия солҳост доир ба рӯдхонаи Иртиш музокирот доранд, ки аз Вилояти Шинҷону Ӯйғӯри Чин сарчашма мегирад ва иштиҳои афзояндаи Чин, маҷрои обро ба Қазоқистону Русия кам кардааст.
XS
SM
MD
LG