Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков аз амали кормандони полиси Маскав ситоиш кард


Шаҳрдории Маскав изҳор намуд, ки кормандони полис ҳангоми парокандасозии намоиши бидуни иҷоза дар майдони Пушкин дар чаҳорчӯби қонун амал карданд. Дмитрий Песков, сухангӯи сарвазир Владимир Путин,амали кормандони полисро “ҳирфаӣ, қонунӣ ва босамар” номид.

Шоми гузашта полис Маскав амалиёти парокандасозии афроди боқимонда баъд аз гирдиҳамоии “Барои интихоботи одилона”-ро доир кард. Дасти кам 250 нафар боздошт шуда,ба шӯъбаҳои полис интиқол ёфтанд. Дар гирдиҳамоӣ асосан шиорҳои "Русия бидуни Путин" ва "Путин ба маҳбас!" садо доданд.

Яке аз созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ, вакили Думаи давлатӣ Иля Пономарев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки полис қавонони кишварро нақз кардааст, зеро мардуми боқимонда бо вакили парлумон мулоқот мекарданд. Ӯ афзуд, ки муҷозоти кормандони полиси дар амалиёт ширкатдоштаро талаб хоҳад намуд.

Ҳама боздоштшудаҳо баъд аз таҳияи протокол раҳо карда шуданд.
XS
SM
MD
LG