Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми табрикии Э.Раҳмон ба В.Путин


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Русия Владимир Путин ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ паёми табрикӣ фиристода, ин пирӯзиро аломати пуштибонии васеъи мардум аз сиёсати ӯ номидааст. Оқои Раҳмон Русияро шарики стротегии кишвараш хонда, изҳори итминон кардааст, ки давраи нави раҳбарии Путин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳоти мухталиф мусоидат хоҳад кард. Бино ба натоиҷи расмӣ, Путин дар интихоботи 4 март 63,75 фоиз райъ гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як тамоси телефонӣ Путинро дигарбора бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард.
XS
SM
MD
LG