Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ба ғазаб омад


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус барои густариши таҳримҳои ҳафтаи гузашта бар зидди кишвараш Иттиҳодияи Аврупоро интиқод кард. Вай ҳангоми интиқод аз Радослав Сикорский-вазири корҳои хориҷаи Полша ва Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон ном бурд. Лукашенко изҳори боварӣ кард, ки бо вуҷуди чунин таҳримҳо Беларус дар соли 2014 мизбонии бозиҳои қаҳрамонии хокеи ҷаҳониро бар ӯҳда хоҳад дошт. Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Беларус 27 феврал ҷорӣ шуд. Баъд аз он Беларус аз сафири Иттиҳодияи Аврупо ва аз сафири Полша дар Беларус хост, ки кишварро тарк кунанд. Дар посух Иттиҳодияи Аврупо ҳамаи сафирони кишварҳои узвро аз Беларус фаро хонд.
XS
SM
MD
LG