Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз САҲА интиқод кард ва онро василаи фишор номид


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз САҲА шадидан интиқод кард. Интиқоди Назарбоев аз ин созмон дар ҳоле садо доl, ки 14 моҳ пеш раёсати давраии Қазоқистон бар ин созмон ба поён расида буд. Нурсултон Назарбоев рӯзи ҷумъа зимни суханони худ дар мулоқот бо намояндагиҳои хориҷии муқими Остона гуфт, мумкин аст ҳукумати Қазоқистон нозирони интихоботии ин созмонро барои назорат бар интихоботи оянда даъват накунад.

Раиси ҷумҳур дар зимн нозирони интихоботии ин созмонро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, ин нозирони интихоботӣ аксар вақт “якҷониба рафтор мекунанд ва ба василаи фишор” бар Қазоқистон аз сӯи кишварҳои дигар табдил меёбанд. Дар ин маврид Назарбоев аз ҳеҷ кишвар ном набурд.

Назарбоев ҳамчунин изҳор дошт, ки то ҳол “ҳеҷ як аз пешниҳодҳои Қазоқистонро САҲА иҷро накардааст”. Нозирони САҲА аз интихоботи порламонии моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон интиқод карданд ва гуфтанд, ки ин кишвар меъёрҳои демократии баргузории интихобтро риоят накардааст.

Қазоқистон соли 2010 раёсати давраии САҲА ба раҳбарии Нурсултон Назарбоев бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG