Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон имрӯз интихоботи парлумонашро доир мекунад


Эрон имрӯз интихоботи парлумонӣ доир мекунад. 48 миллион мардуми соҳиби раъй аз байни 3200 номзад 290 вакили Маҷлиси нӯҳуми Шӯрои исломиро интихоб хоҳанд кард. Аммо аксари ислоҳталабон интихоботи имрӯзаро радд кардаанд. Аз ин рӯ, аксарияти кулли довталабон аз ҷиноҳҳои муҳофизакор ва усулгаро намояндагӣ мекунанд, ки ба навбаи худ, ба гурӯҳҳои тарафдор ва мухолиф ба раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод тақсим шудаанд.
XS
SM
MD
LG