Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботҳо ва як кудатову як ҷанг


Имрӯз, 2 март, вазири нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё Ник Ҳарвӣ бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот мекунад. Имрӯз дар Эрон интихоботи маҷлис ва дар Покистон интихоботи Сенат доир хоҳад шуд. Имрӯз рӯзи дуввуми нишасти сарони ИА дар Брюссел аст. Имрӯз Женева ҷашнвораи 9-рӯзаи байналмилалии филмҳои вижаи масоили ҳуқуқи башар ифтитоҳ мешавад. 2 марти соли 1962 қудратро дар Мянмар тавассути кудато низомиҳо ба даст гирифтанд, ки ин кишварро 50 сол боз дар инзивоъи байналмилалӣ қарор додааст. 2 марти соли 1992 ҷанги байни Молдова ва вилояти ҷудоихоҳи Приднестровйе оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG