Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дуввумин кишвари аҳолии мусулмон дар Шӯравии собиқ


Торнамои хабарии Туркия бо номи “Haber Vaкtim” навиштааст, дар миёни кишварҳои мустақили ҳамсуд Русия аз лиҳози аҳолии мусулмон баъд аз Узбакистон мақоми дуввумро ишғол мекунад. Ҳоло дар Русия бештар аз 21 миллиону 500 ҳазор аҳолии мусулмон ба сар мебарад. Нуфуси мусулмонон дар Узбакистон ба 24 миллион нафар наздик шудааст. Озарбойҷон дар зинаи севвум қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи чаҳорум ва Тоҷикистон бо 6 миллиону 805 ҳазору 352 нафар зинаи панҷумро ишғол мекунад. Сипас Туркманистон ва Қирғизистон меоянд.
XS
SM
MD
LG