Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон имрӯз бо Кореяи шимолӣ бозӣ мекунад


Камол Алисипоҳич
Имрӯз, соати 13-00 ба вақти Тоҷикистон, дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи шимолӣ ба дидори ҳам хоҳанд рафт. Ин бозии даври охири мусобиқоти гурӯҳи С дар қораи Осиё барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аст, ки дар Бразилия хоҳад гузашт. Ҳарду тими Тоҷикистону Кореяи шимолӣ аз имкони ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ маҳрум шудаанд ва бозии имрӯза чизеро барои онҳо ҳалл намекунад.
Аммо ин нахустин бозии расмии тими Тоҷикистон таҳти сарварии мураббии ҷадиди босниягиаш Камол Алисипоҳич аст, ки умедвори натиҷаи хубе аз ин рақобат мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG