Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 млд сомонӣ аз мардум ба бонкҳо бармегардад?


Барои поин овардани фоизи қарзҳои бонкӣ, аз гардиши ба истилоҳ сиёҳ ба расмият ворид кардани ҳудуди 4 миллиард сомонӣ ва ҷорӣ намудани шакли дигари фаъолияти бонкӣ, гурӯҳе аз вакилони порламони Тоҷикистон пешнависи Қонуни иттиҳодияиҳои қарзиро барои тасвиби порлумон пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи муаллифони ин тарҳ, ҳоло такқрибан сад давлати дунё аз тарҷибаи иттиҳодияҳои қарзӣ истифода мекунанд. Исмоил Талбаков-намояндаи порламони Тоҷикистон дар бораи ҳадафи ин тарҳи қонун ба радиои Озодӣ гуфт,ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бо чунин кор заминаи бозгардонидани ҳудуди 4 миллиард сомонӣ аз дасти мардум ба муомилот ва мавриди истифода қарор гирифтани онҳо фароҳам меояд.
XS
SM
MD
LG