Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шоҳмоти Душанбе


Саодат Одинаева ва Надежда Антонова қаҳрамонҳои шоҳмоти Душанбе дар соли 2012-ум шуданд.

Саодат Одинаева дар сабқати занон дар ҳамаи 11 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Юлдуз Орифова ва Сарвиноз Каримова, ки 9,5-имтиёзӣ гирифтанд, мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати мардон, инчунин, ду бонуи шатранҷбоз – Надежда Антонова ва Марворид Насриддинзода ширкат доштанд. Антонова, ки дар 9 бозӣ 7,5 имтиёз гирифт, байни мардон ғолиб шуд. Алишер Каримов бо 7 имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Темур Гадоев, Марворид Насриддинзода ва Амин Қобилов ҷойҳои 3-5-умро бо ҳам тақсим карданд.

Шатранҷбозоне, ки се ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд, ба лигаи якум роҳхат гирифтанд.

Дар сабқати шатранҷбозони шаҳру навоҳии тобеи марказ Ҷамшед Шарифов аз шаҳри Турсунзода мақоми аввал ва Ҳаким Болтаев аз ноҳияи Шаҳринав мақоми дувумро касб карданд. Ҳарду 5,5-имтиёзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG