Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи наҷотбахш ба Майхӯра расид


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, Гурӯҳи наҷотбахш ҳудуди 100 мусофирро аз банди тарма раҳо кардааст.

Масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ҳанӯз теъдоде аз мусофирон дар банди тарма ё барфкӯч мондаанд, ки ба зудӣ раҳо хоҳанд шуд. Аммо ӯ афзудааст, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ баста боқӣ мемонад.

Гурӯҳи наҷотбахш рӯзи чоршанбе (22-юми феврал) ба имдоди мусофирон расид. Гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон тавонист барои ронандагон ва мусофирони дар банд монда кӯмаки ғизоӣ расонад ва дар оғоз ҳудуди 40 тан аз занони кӯдакдорро ба Душанбе интиқол диҳад.

Хабарнигори мо тавонист бо чанде аз мусофирон ва ронандагон ҳамсӯҳбат шавад. Зебо Носирова, яке аз занони мусофир дар нимаи аввали рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт: «Кӯдаконамон дар бағал пиёда тарафи Душанбе омада истодаем. Се-чор рӯзе, ки ноилоҷ дар муҳосираи банди барфу тарма монда будем, ҳеҷ кас ба суроғамон наомад. На техникае, ки роҳҳоро тоза кунад ва на намояндаи идораи роҳсоз ба суроғамон наомадааст. Мо занҳо дигар касал шудем, кӯдаконамон касал шудаанд. Фақат ҳамин рӯз аз МЧС чанд нафар омада ёрдам дода истодаанд, ки поёнтар равем ва аз онҷо тарафи шаҳр ҳаракат кунем.»

Хонум Носирова афзуд, ҳамроҳи ӯ занону кӯдакони дигар низ ҳастанд, ки тайи ин чанд рӯзе ки мошинҳои мусофирбар бар асари барфу тармаҳо дар мавзеъи миёни Майхӯра, 65 километрии пойтахт то тунели Анзоб дар мондаанд, мунтазири кӯмак дар даруни мошин шабҳои сардро рӯз кардаанд.

Як корманди Гурӯҳи наҷотбахш, ки худро Солеҳҷон Азизов муарафӣ кард мегӯяд, ки ҳамин ҳоло дар бағалаш як кӯдак аст ва гурӯҳи занонро роҳнамоӣ дорад то ба мавзеъҳои поёнтар бирасонад: «Мо ин субҳ омада хӯрданиҳо овардем, ба мусофирону ронанадагон нону консервҳо додем. Ҳамин ҳоло занҳои кӯдакдоро ёрӣ дода поён фароварда аз Майхӯра бо мошинҳо ба шаҳр мебарем. Ҳоло ҳамроҳи мо 20 нафар зани кӯдакдор аст. Ва боз 20 нафари дигарро пештар ба поён фаровардем.»

Нисфирӯзии чоршанбе ронандагон мегуфтанд, ки баъд аз ин, ки аз тарафи мақомоти масъул, на аз тарафи ширкати роҳсозии IRS ва на аз тарафи дигар идораҳои роҳсозӣ техникаи лозима нарасидааст, онҳо маҷбур ба деҳоти поёнтар, ки дар масофаи тақрибан 20-25 километр қарор дорад, раҳсипор шудаанд.

Аммо ронандаи мошини боркаш Аъзам Бобоев мегӯяд, ӯ наметавонад мошинашро канор гузорад ва маҷбур аст, то поксозии роҳ ҳамон бошад: «Мо тарафи Душанбе мехоҳем равем, дар мошинамон мандарин дорем. Дар ин ҷое, ки мо истодаем, тақрибан 30 мошин банд мондааст, то имрӯз 10 ронанда мошинҳои худро гузошта рафтанд. Ҳамин субҳ намояндаҳои МЧС омаданд нону консерв оварданд. Мегӯянд аз тарафи ноҳияи Айнӣ роҳро тоза карда омада истодааст, мегӯянд, ки шояд баъди се рӯз ба инҷо расад. Ҳоло мо намедонем ин шабҳои хунукро дар даруни мошин то кай рӯз мекунем.»

Ба қавли ҳамсӯҳбатҳои мо, дар наздикии тунели «Истиқлол» боз 20 мошини борбари дигар дар даруни барфу тарма дармондааст.

Яке аз ронандаҳо, ки худро Маҳмадлатиф муаррифӣ кард, гуфт, зуд-зуд ваъда медиҳанд, ки техникаро барои кушоиши роҳ мефиристанд, вале то ҳол мо ҳеҷ чиз намебинем: «Баъзеҳо грипп шудаанд, чанд нафари дигар шикамдард шудаанд. Дар ҳамин аҳвол интизор нишастаем. Бовар кунед аз мо дар роҳ IRS пули калон мегирад, лекин ин аҳвола бинед. На трактор меояду на ҳеҷ чиз, ягон хел техникаро намебинем.»

Ба иттилои Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор вазоратҳои масъул аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои изтирорт ва ба ҳукуматҳои навоҳии Ҳисору Айнӣ дастур додааст, ки барои бартараф кардани мушкилоти пешомада ва бозкушоии роҳҳо ва наҷоти мардум аз чанголи барфу тарма чораҳои фаврӣ биандешанд. Вале то ҳол рӯшан нест, ки роҳҳои масдуд кай боз хоҳанд шуд?

БАРФИ АХИР ДАР ДУШАНБЕ

Душанбеи зери барф
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG