Пайвандҳои дастрасӣ

Барфрезие, ки ҳаракат дар роҳҳоро мушкил кард


Шаҳри Душанбе, субҳи рӯзи 20 декабр

Бориши барф дар Душанбе ҳаракат дар ҷодаҳоро мушкил карда, сокинонро мунтазири мусофирбарҳо гузоштааст.

Ин аст, ки бисёре аз сокинони пойтахт аз хадамоти ширкатҳои нақлиётӣ ва ҳамчунин аз зуд-зуд пок нашудани роҳҳо интиқод мекунанд. Вале ба қавли масъулони шаҳрдори Душанбе, дар ҳоли ҳозир бештар аз 150 нақлиёт машғули пок кардани ҷодаҳо аз барфи зиёд будааст.

Агарчӣ имсол резиши барф бармаҳал оғоз ёфт, вале барфрезии рӯзи 19 ва субҳи 20 декабр дар Душанбе, ки баландии он ҳудуди 30-40 сантиметр аст, ғайриодӣ буд.

Танҳо сокинони пойтахт нестанд, ки дар рӯзҳои сербарфи зимистон ба мушкил мувоҷеҳ гаштаанд. Сокинони манотиқи дурдасти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, бориши барфи зиёд ва он ҳам дар рӯзҳои бебарқӣ ба мушкили онҳо низ афзудааст.

Ҳамчунин, ба далели резиши барф ва фаромадани баҳман ё тарма шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, танҳо роҳи заминие, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад, муваққатан баста шудааст. Ҳар сол баробари фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон равуо аз тариқи гарданаи Шаҳристон мушкил мешавад ва даҳҳо нафар аз мусофирон дар банди тарман монда, бо азобе он ҷо берун меоянд.

Ин дар ҳолест, ки бино бар пешбинии ҳавосанҷони Тоҷикистон, вазъи ҳаво то 24 декабр рӯзона то панҷ дараҷа ва шабона то 12 дараҷа сард хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG