Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази ҳавосанҷӣ: “Зимистони сахте дар пеш аст”


Идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон зимистони сарду сангинеро дар соли ҷорӣ пешгӯӣ намудааст.

Идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи январ бориши барф аз меъёри маъмулӣ бамаротиб бештар хоҳад шуд.

Ҷамила Байдуллоева, раиси Идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, дар Тоҷикистон одатан то ду дараҷа дар зимистон ҳаво сард мешавад, вале имсол дар назар аст, ки ин рақам то севвуним дараҷа бишавад.

Ҳамин манбаъ гуфт, дар сад соли ахири Тоҷикистон шадидтарин зимистон дар соли 1964 мушоҳида шудааст. Ба таъйиди раиси Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон, аммо зимистони соли ҷорӣ шабеҳи зимистони соли 2008, ки ҳаво то 20 дараҷа сард шуда буд, намешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим


Аммо бо ин вуҷуд бархе аз сокинони пойтахт аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки душворӣ ва азоби онҳо дар фасли зимистон маълум нест, ки кай ба охир мерасад. Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, наздики бист сол аст бо фарорасии фасли зимистон ва шурӯъ шудани сардиҳо дилашон сияҳу ташвишашон зиёдтар мешавад.

Набуди гармиву газ ва зуд-зуд қатъ шудани нерӯи барқ дар ин фасл, мисле ки дар пойтахт ба як ҳолати маъмулӣ табдил шудааст. Дар ҳоле ки дар бинои баландошёна имкони бо бухории бобоӣ гарм кардани манзили сард вуҷуд надорад.

Як нафаре аз онҳо аз ҳавои гарми тобистон ва набуди мушкилии зимистонгузаронӣ, ки бештар аз ҳама хонумҳо ва махсусан модарони соҳиби кӯдаки ширмакро таҳти ташвиш қарор медиҳад, ёдовар шуда ва гуфт бисёр мехоҳад, ки зимистон наояд.

Шикоят ва нигаронии сокинон дар даҳсолаи ахир бештар шуда, ҳеҷ кафолати беҳбудӣ барои солҳои оянда низ вуҷуд надорад. Барномаҳои энержии ҳукумати Тоҷикистон ба монеъаҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва гумон намеравад, ки ба ин осонӣ амалӣ гарданд.

Вале ончӣ ба пойтахти Тоҷикистон марбут мешавад, Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, омодагӣ ба зимистон дар асоси нақшаҳо дуруст пеш меравад ва дар навбати аввал муассисаҳои иҷтимоӣ мисли бемористону мактабҳо бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG