Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҳавосанҷон аз яхбандӣ ва резиши тарма


Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, то 8-уми феврал дар кишвар ҳавои сард, аммо бебориш боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои ин марказ, аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи пойтахт ва вилояти Хатлон рӯзона то 4 ва шабона то 13 дараҷа сард хоҳад шуд.

Сардии ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона то 9 ва шабона то 16 дараҷа ва дар ғарби вилояти Бадахшон то 17 дараҷа мерасад.

Шаҳри Душанбе низ аз ин сардиҳо эмин набудааст. Ҳамон тавре масъулони Маркази ҳавосанҷӣ таъкид мекунанд, дар пойтахти кишвар ҳарорати ҳаво рӯзона то 6 ва шабона то 13 дараҷа сард мешавад.

Парвина Саидҷамолова, як масъули Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, "бо қатъи бориши барфи шиддатнок ва сард гардидани ҳаво дар роҳҳои кишвар эҳтимол яхбандӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои дури кишвар худдорӣ намоянд."

Ба қавли хонум Саидҷамолова, рӯзи 3 феврал бо ворид гардидани ҳавои гарм аз Афғонистону Эрон ва Туркманистон дар кишвар борон борид. Аммо баъдан бо вазидани ҳавои сарди сибирӣ борон ба барф табдил шуда, ҳарорати ҳаво якбора поин фаромад.

Дар пайи бориши барфи зиёд ва эҳтимоли резиши тарма дар ағбаи Шаҳристон, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шудааст.

Ҳар сол баробари фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон равуо аз тариқи гарданаи Шаҳристон мушкил мешавад. Ин дар ҳолест, ки мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби “Шаҳристон”, ки қарор буд сохтмонаш моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом бирасад, то моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шудааст.

Дар навори зер: Барф дар Душанбе. Бештар аз ҳар вақти дигар

Бидуни шарҳ: Барфрезии шадид дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG