Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории нозирон ба боздид аз пойгоҳи Парчин


Нозирони Ожонси байналмилалии назорати ҳастаӣ барои музокироти дурӯза вориди Эрон шуданд. Раҳбари ҳайъати 5-нафарӣ Ҳерман Накертс гуфт, «паҳлуҳои эҳтимолан низомии барномаи ҳастаии Эрон дар мадди аввал боқӣ мемонад.» Ҳанӯз маълум нест, ки нозирон аз таъсисоти ҳастаии Эрон низ дидан мекунанд ваё сафари онҳо бо баҳсҳои фаннӣ бо мақомоти Эрон маҳдуд хоҳад шуд? Телевизиони Эрон гуфт, нозирон умедворанд, ки аз маҷтамаъи низомии Парчин дидан кунанд. Гумон меравад, ки ин пойгоҳи махфии зеризаминӣ низ дар барномаи ҳастаии Эрон истифода мешавад. Аммо Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG