Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи ҳарбии Русия ба 800 миллиард доллар хоҳад расид


Сарвазири Русия, Владимир Путин гуфтааст, кишвараш дар даҳ соли оянда наздик ба 800 миллиард долларро барои таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи худ харҷ хоҳад кард. Номзади асосии интихоботи президентии 4–уми март дар мақолаи нав ва муфассали худ дар “Российская газета” таъкид кардааст, ки бе таҳкими нерӯи ҳарбияш Русия нахоҳад тавонист мавқеъи байнулмилалии хешро мустаҳкам кунад ва иқтисодиёти кишвару ҷомеаи маданиро онро рушд диҳад.
XS
SM
MD
LG