Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рум дигар довталаби Бозиҳои олимпии соли 2020 нест


Марио Монтӣ
Марио Монтӣ
Италия аз идомаи сабқат барои дарёфти ҳаққи баргузории Бозиҳои олимпии соли 2020 даст мебардорад. Дар ин бора нахуствазири кишвар Марио Монтӣ хабар дод ва сабаби онро бо вазъи сангини иқтисодии кишвар марбут кард.

Ба гуфтаи ӯ, идомаи сабқат барои Бозиҳои олимпӣ метавонад Италияро мувоҷеҳ ба дигар таҳдидҳои молиявӣ кунад.

Барои дарёфти ҳаққи баргузории Бозиҳои олимпии соли 2020 акнун панҷ шаҳр - Истамбул, Мадрид, Токио, Боку ва Доҳа талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG