Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама буҷаи давлатиро муаррифӣ кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2013-ро муаррифӣ кард.

Дар санад масрафоти нав ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор ва ҳамзамон боло бурдани андози шаҳрвандони сарватманду корхонаҳои сердаромад пешбинӣ шудааст. Обама зимни муаррифии тарҳи буҷа гуфт, "идеяи асосии буҷа дар он аст, ки мо бояд ҳама корро анҷом диҳем то раванди рушди иқтисод ва пайдо шудани ҷойҳои нави кор ҳифз шавад. Яке аз вазифаҳои мо – коҳиши касри буҷа аст. Агар Конгресс буҷаро бипазирад, мо метавонем то соли 2022 масрафотро боз 4 триллион доллар кам кунем".

Намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳон ҳукумати Обамаро барои талоши ислоҳоти низоми андоз танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG