Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади пешин Алла Ҷиоева ба беморхона афтод


Духтурҳо вазъи номзади собиқи интихоботи раёсатҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ, Алла Ҷиоеваро, баъд аз микроинсулт ҷиддӣ, аммо мӯътадил унвон карданд. Хабарҳои аз ин воқеа гуногунанд. Сухангӯи Ҷиоева, Фотима Кокоева мегӯяд, маъмурони амниятӣ ҳангоми ҳамла ба дафтари ӯ, бо дастаи силоҳ ба сари Ҷиоева задаанд. Аммо Вазорати умури дохилии Осетияи Ҷанубӣ истифодаи зӯрро рад карда ва гуфтааст, Ҷиоева бо дидани даъватномаи бозпурсӣ аз ҳуш рафтааст. Ҷиоева дар даври дувуми интихоботи моҳи ноябр боре пирӯз шумурда шуд, аммо натиҷаҳои ниҳоӣ бар зарари ӯ эълон шуд. Вай нақша дошт рӯзи ҷумъа расми савганди президентии худро баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG