Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сарвазири Покистон ба Қатар


Юсуфризо Гелонӣ
Юсуфризо Гелонӣ
Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ имрӯз ба хотири баҳси роҳкори сулҳе, ки бояд ба 10 соли ҷанг дар Афғонистон хотима диҳад, ба Қатар рафт. Ин сафар дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар баъди бозгашт аз Кобул гуфт, Исломобод ба Толибон ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ барои роҳандозии музокироти сулҳ кумак хоҳад кард. Покистонро ба мамониат ба талошҳои сулҳ дар Афғонистон ва кумак ба ҷангиёни Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ айбдор мекунанд. Толибон моҳе пеш эълон карданд, ки дар Қатар як дафтари сиёсӣ боз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG