Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ветои Русияву Чинро “мазҳака” номид


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Вазири корҳои хориҷаи Амрико ветои Русияву Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба Сурияро “мазҳака” хонд.

Рӯзи якшанбе (5-уми феврал) Чин ва Русия ҳангоми раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният ба қатъномае, ки саркӯбиҳои эътирозкунандагони зиддиҳукуматӣ аз тарафи режими Сурияро маҳкум мекунад, вето гузоштанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, зимни суханони худ дар Булғористон гуфт, акнун талошҳо дар хориҷ аз Созмони Милал барои кӯмак ба мардуми Сурия бояд ду баробар афзоиш ёбад. Ӯ илова кард, ки Амрико бо “дӯстони Сурияи демократӣ” ҳамкорӣ хоҳад кард, то аз мухолифони раисиҷумҳури кунунии Сурия ҳимоят кунад.

Дар ҳамин ҳол, шӯришиён гуфтаанд, ки барои барканории президент Башор Асад ягона роҳ дар ихтиёр доштани нерӯи кофист. Вале режими Башор Асад изҳор доштааст, аз роҳҳои низомӣ саркӯбии эътирозкунандагонро идома хоҳад дод.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия
Русия бар ин нукта ишора кардааст, ки қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Сурия ба дасти кишварҳои ғарбӣ навишта шудааст. Вале дар асл пешнависи онро кишварҳои Иттиҳодияи Араб таҳия карданд ва Марокаш бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ онро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешкаш кард. Ин пешнавис замоне таҳия шуд, ки артиши Сурия тазоҳуркунандагони бидуни силоҳро нишон гирифта ва ҳадафи тир қарор доданд.

Чунин манзараҳоро нозирони кишварҳои Иттиҳодия ё Лигаи Араб мушоҳида карданд. Набил ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбе (5-уми феврал) гуфт, кишварҳои арабӣ талоши худро барои ҳалли бӯҳрони Сурия аз даст нахоҳанд гузошт.

Рӯзи якшанбе мухолифони давлати Сурия низ аз маҳофили байналмиллалӣ хостанд, ки аз талоши онҳо ҷонибдорӣ кунанд. Размандагони мухолифон, ки дар шаҳри Ҳимс дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор доранд, гуфтанд, раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният нишон медиҳад, ки онҳо барои дифоъ аз худ танҳо як роҳ доранд ва он ҳам густариши доманаи ҷанги шаҳрвандист.

Таввакул Карман, барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел аз Яман
Таввакул Карман, барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел аз Яман
Рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ дар конфронси байналмиллалии амниятӣ, ки дар шаҳри Мунихи Олмон баргузор шуд, Таввакул Карман, барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел аз Яман, режими Асадро “комилан маҳкум кард”. Вай аз ҳамаи кишварҳои арабӣ хост, ки ҳарчӣ зудтар сафирони Сурияро аз кишвари худ хориҷ кунанд ва ба ин режим мухолифати дипломатии худро нишон диҳанд.

Тунис равобити дипломатии худро ба нишонаи эътироз бо Сурия қатъ кард ва аз кишварҳои дигари ҷаҳон хост, ки онҳо низ даст ба чунин иқдом зананд. Ҳамадӣ Ҷебалӣ, нахуствазири Тунис, гуфт: “Пеш аз ҳама мехоҳам дар бораи масъалаи мардуми Сурия сӯҳбат кунам, дар бораи инқилоби Сурия. Ман мехоҳам изҳороти худро ҷамъбандӣ карда ва гӯям, ки бояд мавзеъгирӣ қавӣ ва ҷиддӣ бошад. Имрӯз мардуми Сурия аз мо изҳороти тӯлонӣ ва эътирозномаҳоро интизор нестанд, балки онҳо аз мо амал ва тадбирҳои мушаххасро интизоранд.”

Ҳаммом Саид, раҳбари "Ихвон-ул-муслимин"-и Урдун аз мусулмонон ва арабҳо хост, ки дигар колоҳои Русия ва Чинро харидорӣ накунанд. Ҳаммом Саид ветои Русия ва Чинро “ҳамла ба арабҳову мусулмонон” арзёбӣ кард ва онҳоро “дар рехтани хуни мардуми Сурия” гунаҳкор донист.

Дар навори зер: Куштори мардум дар шаҳри Ҳимс

Куштори мардум дар шаҳри Ҳимс
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
XS
SM
MD
LG