Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Арабҳо Русияро олуда ба хуни Сурия меноманд


Парчами Русия ва акси Башор Асад дар зери пойи тазоҳуркунандагон дар Бейрути Лубнон. 5-уми феврали соли 2012.
Парчами Русия ва акси Башор Асад дар зери пойи тазоҳуркунандагон дар Бейрути Лубнон. 5-уми феврали соли 2012.

Ҷаҳони араб аз мухолифати Русия ва Чин ба қатъномаи марбут ба Сурия дар Шӯрои Амният ба хашм омадааст.

Ин қатъномаи пешниҳодӣ истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва қатъи хунрезӣ дар Сурияро талаб мекард. Кишварҳои Ғарб низ аз ветои Маскав шадидан интиқод карданд. Русия батакрор гуфтааст, ки ин қатънома аз тарафи қудратҳои ғарбӣ омода шудааст, дар ҳоле ки онро Лигаи Араб таҳия ва Марокаш ба Шӯрои Амният пешниҳод намуд. Дабири кулли ин созмон Набил Еларабӣ рӯзи якшанбе гуфт, лига талошҳои худро барои ҳалли бӯҳрони Сурия идома хоҳад дод.

Русия рӯзи якшанбе ба интиқодоти байналмилалӣ барои раъйи мухолиф ба қатъномаи марбути Сурия посух дод. Ин кишвар муаллифони тарҳро айбдор кард, ки нахостанд барои созиши умумӣ кӯшиши бештаре ба харҷ диҳанд. Аммо вокуниши Сафири Русия дар Созмони Милал Виталий Чуркин нишон медиҳад, ки мавзеъгирии Маскав ҳисобшуда аст: “Қарори Шӯрои Амният мебоист фақат ҳамин гуна мебуд ва аз ҷумла ба он сабаб, ки бархе аз аъзои бонфузуи ҷомеаи байнулмилалӣ, ки паси ҳамин миз низ нишастаанд, аз ҳамон оғози бӯҳрони Сурия имконияти ҳалли сиёсиро бо даъватҳои табдили режим, ангехтани мухолифон ба зидди ҳукумат вайрон карданд ва аз иғвогарию кӯмак ба шаклҳои мусаллаҳонаи мубориза низ худдорӣ накарданд.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ветои Русия ва Чин дар мавриди Сурия дар Созмони Милал, таҳти танқидҳои шадид қарор гирифт. 13 узви боқимондаи Шӯрои Амният ба тарафдорӣ аз қатъномае овоз доданд, ки бино бар пешниҳоди давлатҳои Лигаи Араб, истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро тақозо мекард.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал Сузон Райс “ҷуфте” аз аъзои Шӯрои Амниятро ба он муттаҳам кард, ки мардуми Сурияро ба хотири ҳимоят аз як золим фурӯхтаанд:"Ҷомеаи байнулмилалӣ бояд мардуми Сурияро аз бераҳмии нафратовар ҳимоят кунад, аммо ҷуфте аз ин шӯро дар иродаи худ ба фурӯши мардуми Сурия ва сипар шудан барои як золими тарсу пойфишорӣ нишон медиҳанд.”

Намояндаи доимии ИМА дар СММ
Намояндаи доимии ИМА дар СММ
Намояндагии Бритониё дар Созмони Милал гуфт, Русия ва Чин раъйи “шармандавор” доданд. Русия шикоят кард, ки қатъномаи пешниҳодӣ як талоши номуносиб ва яктарафаи “тағйири режим” дар Сурия буд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт: “Пуштибонӣ аз тарафи муайян дар низои дохилӣ ва талоши таҳмили нақшаи сиёсии раванди ислоҳот аз берун, намунаи хатарноки роҳест, ки ба густариши минтақаҳои ноором мусоидат карда, унсурҳои ҳарҷу марҷро дар умури байнулмилалӣ қувват медиҳад.”

Ин изҳороти Лавров дар 48-умин ҷамъомади Конфаронси амниятии Мюнхен садо дод. Дар ҳамин конфаронс вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ба таҳкими ҳамкориҳои Амрико ва Аврупо барои рушди демократия дар ҷаҳони араб даъват кард. Вай гуфт, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо зулм дар кишварҳое мисли Сурия, ки раҳбараш Башор Асад, ба
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
гуфтаи ӯ, мардуми худро ҳадафи бераҳмӣ қарор додааст, китф ба китф ҳам гузоранд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи шанбе ҳукумати Сурия ва президенти ин кишвар Башор Асадро дар куштори шаҳрвандони худ муттаҳам кард. Вай қатли сокинони Ҳимсро як “амали ногуфтанӣ” номид ва афзуд, Асад бояд маъракаи хунини қатли мардуми хешро қатъ кунад, аз мақомаш истеъфо диҳад ва фавран гузариши демократиро дар кишвараш оғоз ниҳад.

Дар ҳамин ҳол норозиёни хашмгин ба ҳафт сафоратхонаи Сурия дар кишварҳои гуногун ҳамла оварданд. Онҳо мегӯянд, бо ин роҳ аз ҳамлаи маргбори тӯпхонаи режими Башор Асад ба мардуми Ҳимс, ки сабаби ҳалокати зиёда аз 200 нафар гашт, эътироз баён кардаанд. Ба ин тартиб сафоратхонаи Сурия дар Лондон, Қоҳира, Кувайт, Либия, Тунис ва кишварҳои дигар ҳадафи ҳамла ва тазоҳуроти норозиён қарор ёфтаанд. Норозиён сафорати Сурия дар Қоҳираро оташ задаанд.

Дар ҳамин ҳол исломгароёни Урдун рӯзи якшанбе аз мусулмонони ҷаҳон ва олами араб даъват карданд, ки ба нишони эътироз молу маводи тавлиди Русия ва Чинро таҳрим кунанд. Раҳбари Ихвон-ул- муслимини Урдун Ҳаммом Саид гуфт, русҳо ва чиниҳо нишон доданд, ки “онҳо дар қатли мардуми Сурия саҳм мегиранд.”

Барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел аз Яман Таваккул Карман дар конфаронси амниятӣ дар Мюнхен гуфт, ҳамаи кишварҳо бояд сафирони Сурияро ихроҷ кунанд ва дипломатҳои худро аз Сурия фаро хонанд. Марокаш аз ҳамаи давлатҳои араб хост, равобити худро бо Димишқ, ки дар тазоҳуроти ёздаҳмоҳаи мардум зидди режим зиёда аз 6000 нафарро куштааст, қатъ кунанд.

Куштори мардум дар шаҳри Ҳимс
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
XS
SM
MD
LG