Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешин ва зиндонии Панама аз сакта бистарӣ шуд


Мануел Норига-раҳбари пешини Панама аз бемории сакта дар шифохона бистарӣ шудааст. Норигаи 77 сола ҳоло мӯҳлати 20 солаи зиндони худро сипарӣ мекунад. Вай дар солҳои 1980 мухолифони худро ба қатл расондааст ва барои ҳамин зиндонӣ шудааст. Норига моҳи декабри соли гузашта ба Панама супурда шуд. Вай 20 соли ахирро дар зиндон сипарӣ кардааст, 10 соли аввалро дар Амрико ва 10 соли баъдиро дар Фаронса. Вайро барои қочоқи маводи мухаддир ва шустушӯи пул муттаҳам медонанд. Норига соли 1989 аз мақом барканор шуд.
XS
SM
MD
LG