Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду майдони Русия. Мухолифон ва тарафдорони Путин


Саҳнаҳо аз тазоҳуроти мухолифон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00
Линки мустақим

Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Русия дар тазоҳуроти мухолифон ва тарафдорони Путин ширкат карданд.

Бо вуҷуди ҳавои сард даҳҳо ҳазор нафар аз эътирозгарони зидди Кремлин рӯзи шанбе ба майдонҳо рехта, хостори барканории сарвазир Владимир Путин аз қудрат дар як моҳи то интихобботи президентӣ шуданд. Полис мегӯяд, дар тазоҳуроти “Барои интихоботи одилона” дар Маскав наздик ба 90 000 нафар ширкат кардаанд, вале сарони мухолифон гуфтанд, ин шумора мумкин аст 120 000 нафар бошад. Полис гуфтааст, дар ҳамоиши тарафдорони Путин 138 000 нафар ширкат кард, ҳарчанд дар оғоз ин шумора наздик ба 20 000 гуфта мешуд.

Мавҷи раҳпаймоиҳо рӯзи шанбе аз аз Владивосток дар Шарқи Дури Русия гирифта, то Калининград дар ғарби ин кишвар фазоро такон дод. Яке аз сарони мухолифони Русия Борис Немтсов ҳамроҳ бо тазоҳуркунандагони дигар дар раҳпаймоӣ аз хиёбони Калуга то Болотная дар Маскав шиор мезаданд, ки Русияи бидуни Путинро мехоҳанд.

Раҳбари дигари мухолифон Иля Яшин гуфт, тазоҳуркунандагон ба адолат ва шаффофияти интихоботи ояндаи президентии Русия бовар надоранд. Он дурӯғин, тақаллубӣ ва ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Ин савумин тазоҳурот бо эътироз аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии соли гузаштаи Русия аст ва дар ҳоле баргузор шуд, то интихоби дигарбораи сарвазир Владимир Путин ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дақиқан як моҳи дигар мондааст.

Мухолифон гуфтаанд, ҳамоишҳои эътирозии худро идома хоҳанд дод.



Дар ҳамин ҳол, Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии Русия аз тазоҳургарон хостааст, ки дар аҳвои сард бо либосҳои гарм ба хиёбонҳо бароянд. Ӯ гуфтааст, "тарафдори ҳар касе ҳастед, ба Шумо мегӯям, бо либосҳое, ки маъмулан ба тан мекунед, дар ин эътирозҳо иштирок накунед."

Ин мақоми беҳдоштии Русия ба эътирозкунандагон ҳушдор додааст, ки ҳаво бисёр сард аст ва онҳо бояд пойпӯшҳо ва либосҳои хеле гармашонро бипӯшанд.

Бори аввал нест, ки ин мақоми 61-солаи рус қабл аз эътирозҳои зидди ҳукуматӣ, чунин ҳушдори беҳдоштӣ содир мекунад. Онишенко қаблан низ ба мухолифони ҳукумат ҳушдор дода буд, то аз иштирок дар эътирозҳои зидди Кремл дар даҳуми декабр ба хотири он, ки сармо нахӯранд, худдорӣ кунанд.

Дар тазоҳуроти тарафдорони Путин, нависанда ва сардабири рӯзномаи “Завтра” Александр Проханов гуфт: “Ягона номзаде ки раҳпаймоии зиддиноранҷии мо аз ӯ дифоъ мекунад, Владимир Путин аст ва мо ба ӯ мегӯем: “Путин ту метавонӣ ба инқилоби норанҷӣ пирӯз шавӣ!”

Ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ мухолифонро айбдор карданд, ки Русияро ба сӯи "инқилоби норанҷӣ" ва фурӯпошӣ тела медиҳанд. Видеои дувум аз тазоҳуроти тарафдорони Владимир Путин таҳия шудааст.

Тазоҳуроти тарафдорони Путин дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG