Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯшанфикрони Русия бедор мешаванд


Дар эътирозҳои мухолифини режими Кремл нақши рӯшанфикрони либерал хеле бузург аст.

Коршиносон мегӯянд, дар даврони ҳукмронии раҳбарони собиқи Шӯравӣ Никита Хрушёв ва Михаил Горбачёв ҳам, пешвои мухолифон на сиёсатмадорон, балки ба истилоҳ интеллигентсияи озодандеш будааст.

Вақте сухан аз гирдиҳамоиву эътирозҳои моҳҳои ахир дар Русия мераваду созмони “Лигаи Раъйдиҳандагон” ёд мешавад, ғайримунтазира номи афродеро метавон дид, ки дар ҳаёти рӯзмарра аз сиёсат дур ҳастанд.

Ситораи рок овозхон Юрий Шевчук, шоири маъруф Дмитрий Биков, нависанда Борис Акунин, ҳунарманд
Борис Акунин,нависандаи рус
Борис Акунин,нависандаи рус
Татяна Лазарева ва чандин симои маъруфи илму фарҳанги Русия зери парчами “Лигаи Раъйдиҳандагон” ҷамъ шудаанд, то баҳри баргузории интихоботи озоду одилонаи президенти Русия дар таърихи чоруми март мубориза баранд.

Бо ташаббуси ин иттиҳодия дар таърихи 29-уми январ ҳазорҳо ронанда бо мошинҳояшон дар маркази Маскав раҳпаймоӣ намуда, мардумро бо шиору овеза ва садои сигналҳояшон ба ширкат дар гирдиҳамоии эътирозии чоруми феврал даъват карда буданд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шоир Биков ба сарвазири Русия ва довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ Владимир Путин ҳушдор дод, ки эътирозҳои рӯзафзунро нодида нагирад: “Русҳо зинро оҳиста-оҳиста ҷо ба ҷо мекунанд, вале баъд бо суръат ҳаракат мекунанд. Ҳоло онҳо зинро омода кардаанд ва беҳтарин имкони ҷилавгирӣ аз ҳодиса ин муколамаи мақомот бо мухолифин аст, вале мо чизе дар ин бора нашунидаем.”

Чорабинии “Лигаи Раъйдиҳандагон” фақат яке аз иқдомҳои сершумори равшанфикрони Русия аст, ки дар пайи интихоботи Думаи давлатии Русия дар саросари ин кишвар раҳандозӣ шудааст. Нозирони интихобот тақаллуби зиёдеро дар ҷараёни овоздиҳии чоруми декабр ошкор кардаанд, ки сарчашмаи эътирозҳои кунунӣ ба шумор меравад.



Дар тӯли солҳои ҳукмронии Путин, интеллигентсияи Русия ба ваҷҳи умум хомӯш буд. Аммо акнун сарояндагону адибон, ҳунармандону рӯзноманигорони шинохта ба сиёсат рӯй оварда, дар садри ҷунбиши эътирозӣ мавқеъ гирифтаанд.

Ҷомеашинос Борис Кагарлитский мегӯяд, одатан симоҳои фарҳангии Русия дар давраҳои сарнавиштсози дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ нақши асосиро иҷро мекунанд: “Дар солҳои шастуму ҳаштодуми қарни гузашта ҳамин гуна мавҷи азими ҷунбиши демократии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуда буд. Он ҷунбишҳоро низ равшанфикрони маъруф сарварӣ мекарданд.

Донишманди рус қиссаҳои Андрей Синявскийро ба хотир меорад, ки дар замони ҳукмронии Никита Хрушёв пинҳонӣ ба мамолики ғарбӣ фиристода шуда, воқеиятҳои талхӣ Шӯравиро нақл кардаанд.

Дар эътирозҳои кунунии Русия бидуни шак нақши сиёсатмадорон амсоли Борис Немтсов ва Григорий Явлинский назаррас аст, вале ин нависанда Борис Акунин ва ё рӯзноманигор Леонид Парфёнов ҳастанд, ки бо суханони такондиҳанда издиҳоми мардумиро ба ваҷд меоранд.

Акунин мегӯяд, иштироки симоҳои шинохтаи илму фарҳанг дар эътирозҳо гувоҳи он аст, ки даҳ соли ҳукмронии Путин эътимод ба сиёсатмадоронро аз байн бурдааст. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Акунин гуфт, дар ибтидо ӯ бо даъвати ташкилкунандагони гирдиҳамоиҳо дар он ҷо ҳозир шуда буд: “Мардум мехоҳад афроди маъруфро бубинанд. Барои онҳо муҳим нест, ки ин афрод китоб таҳия мекунанд ё филм. Ба фикрам ин ҳол маънои онро дорад, ки онҳо сиёсатмадоронро дар сафи пеш дидан намехоҳанд. Барои онҳо муҳим ин аст, ки ҳар яке аз мо дар соҳаи худ ҳирфаист. Аксари ширкаткунандагони эътирозҳо афроди ҳирфаӣ ҳастанд. Мо профессионал буда, барои онҳо худӣ ҳастем. Сиёсатмадорон барои онҳо бегонаанд.”

Ахиран дар як мусоҳибааш сарвазири Русия Владимир Путин эътирози Акунинро ба миллати ӯ ва ихтилофҳои миёни Русияву Гурҷистон иртибот дод. Номи аслии Борис Акунин Григорий Чхартишвилӣ буда, ӯ гурҷитабор аст.

Вале Акунин ин айбномаро рад карда, мегӯяд, вақте хонаи шахс оташ мегирад, ҳама дар як саф бар муқобили он мехезанд ва вақте сӯхтор хомӯш шуд, ҳар яке ба кори маъмулии худ бармегардад.
XS
SM
MD
LG