Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони ҳамлаи Исроил ба Эрон вуҷуд дорад?


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта-вазири дифои Амрико гузориши як рӯзномаи амрикоиро дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон нармтар кард. Дар мақолаи рӯзнома омадааст, ки тибқи нақша шояд Исроил дар авоили баҳор ба таъсисоти ҳастаии Эрон зарбаи низомӣ занад. Ин мақола рӯзи панҷшанбе дар рӯзномаи "Washington Post" ба нашр расид. Аммо Леон Панетта мегӯяд, ба бовари вай, “эҳтимоли қаввӣ” вуҷуд дорад, ки Исроил моҳҳои май, апрел, июн ё наздик ба вақте, ки Эрон барои корҳои ниҳоии иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ соҳиби урани кофии ғанишуда хоҳад шуд, ҳамла барад. Рӯзнома навиштааст, ҳам Панетта ва ҳам Барак Обама ба Исроил гуфтаанд, ки чунин ҳамла таҳримҳои иқтисодии зидди Эронро барои қатъи барномаҳои ҳастаӣ ба нестӣ мебарад. Чунин таҳримҳо бояд Эронро водор кунад, ки аз барномаҳои баҳсбарангези ҳастаиаш даст кашад.
XS
SM
MD
LG