Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, Эрон барои 4 бомбаи ҳастаӣ мавод дорад


Раҳбари хадамоти кашфи ҳарбии Исроил мегӯяд, Эрон маводи кофии радиоактивӣ дорад, ки чаҳор бомбаи ҳастаӣ тавлид кунад. Генерал Авив Кочавӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон наздик ба 100 килограм маводи то 20 дарсад ғанишударо ҷамъ овардааст. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ҳафтаҳои охир зидди Эрон таҳримҳои шадидтаре роҳандозӣ кардаанд, ки саноати нафт ва додугирифти пулии байнулмилалии Эронро ҳадаф гирифтаанд. Эрон мегӯяд, барномаи он аҳдофи осоиштаро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG