Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико ба эъмори демократия дар Қазоқистон


Роберт Блейк
Роберт Блейк
Як дипломати аршади Амрико гуфт, ваъдаҳои Қазоқистон ба ислоҳи низоми сиёсӣ ва мурооти ҳуқуқи инсон “асосан иҷроношуда” боқӣ мемонанд. Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Роберт Блейк дар Вошингтон дар анҷумани вижаи 20-солагии истиқлоли Қазоқистон гуфт, раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев, ки ҳукумати худкомааш тамоми ин 20 сол тақвият меёфт, “имрӯз фурсат дорад, ки ҳунари раҳбарии дурбинонаашро, ки дар даст кашидан аз силоҳҳои ҳастаӣ намоиш дода буд, дар амри эъмори демократия намоиш диҳад.” Қазоқистон дар моҳи январ интихоботи парлумонӣ доир кард, ки нозирони ғарбӣ онро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ надонистанд.
XS
SM
MD
LG