Имрӯз,1 феврал, вазири хориҷаи Покистон Ҳино Раббонӣ ба Афғонистон ва фиристодаи хоси Амрико дар умури Кореяи шимолӣ Глин Девис ба Русия сафар мекунанд. Имрӯз иҷлоси парлумони Аврупо масоили Эрону Русияро баҳс мекунад. Як ҳайъати парлумони Аврупо имрӯз бо як сафари чоррӯза ба Озарбойҷон хоҳад рафт. Имрӯз дар тақвими СММ оғози Ҳафтаи ҳамбастагии байни мазҳабҳост. 1 феврали соли 1979 оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ аз ғурбат ба Эрон баргашт. Ва дуруст 20 сол пеш - 1 феврали соли 1992 - раҳбарони вақти Амрикову Русия Ҷорҷ Буши калонӣ ва Борис Елтсин дар Кемп-Девид ба эъломияе имзо гузоштанд, ки ба Ҷанги сард расман поён дод.