Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи сулҳи Лигаи Араб имрӯз муаррифӣ хоҳад шуд


Интизор меравад, имрӯз, 31 январ, Лигаи Араб дар Ню-Йорк роҳкори сулҳи Сурияро ба СММ муаррифӣ кунад. Имрӯз Кумитаи равобити хориҷии парлумони Аврупо дар Брюссел масоили Арманистону Озарбойҷонро баҳс хоҳад кард. Имрӯз Шӯрои Атлантик дар Вошингтон вазъи равобити Қазоқистону Амрикоро баррасӣ мекунад. Ва ҳам раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар расми муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Мубориза бо фасод – таҷрубаи ислоҳоти Гурҷистон” суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG