Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҳазанавичюс бо филми "Артист"


Коргардони фаронсавӣ Мишел Ҳазанивичюс бо филми "Артист" ҷоизаи аввали Гилдияи коргардонҳои Амрикоро ба даст овард. Ин ҷоиза маъмулан як шохиси ҷоизаҳои баъдии “Oscar” аст, ки Академияи синамои Амрико эъто мекунад. Ҳазанивичюс дар сабқат барои ҷоизаи гилдияи синамогарон бар Вудӣ Ален бо филми “Нимашаб дар Порис”, Мартин Скорсезе бо филми “Ҳуго”, Девид Финчер бо филми “Духтар ва аждаҳо” ва Александр Пайн бо филми “Ворисон” ғолиб омад. “Артист” ба хотираи даврони филмҳои беовоз ва достони муборизаи як ситораи он аҳд баъди “гӯё” шудани синамо барои ҳифзи карйера аст.
XS
SM
MD
LG