Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулодда дар Жанаозен тамдид намешавад


Биноҳои сӯхтаи Жанаозен
Биноҳои сӯхтаи Жанаозен
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, тасмим гирифт, ки вазъи фавқулодда дар шаҳри Жанаозен тамдид карда нашавад. Вазъи фавқулодда дар Жанаозен баъди он ҷорӣ шуд, ки мои гузашта бар асари саркӯбсозии эътирози кормандони норозии ширкати нафт 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд.

Назарбоев дар паёми солона ба мардум дар парлумони кишвар изҳор намуд, ки бояд мақомот аз ҳаводиси Жанаозен сабақ бигиранд. Ӯ ба ҳукумат фармуд, ки барномаи вижаи рушди шаҳрҳои хурдро таҳия кунад.
XS
SM
MD
LG