Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия?


Айида Қосималиева
Айида Қосималиева

Риоят нашудани ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия сабаб шудааст, ки акнун масъалаи ташкили ҷамъиятҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ шавад.

Дар солҳои аввали муҳоҷират муҳоҷирони ҳамин кишварҳо дар парокандагӣ ба сар мебурданд ва масъалаи ҳимояти онҳо зарурати ташкили ҷамъиятҳои алоҳида ва парокандаро ба миён оварда буд. Акнун ин ҷамъиятҳо мустақилона фаъолият мекунанд.

Бо вуҷуди ин, дар қаламрави Русия ин пешниҳодҳо ба гӯш мерасад, ки бояд аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳоди ғайридавлатии муштараке созмон дода шавад, то он ба таври аҳсант битавонад аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар қаламрави Русия ҳимоят кунад. Айида Қосималиева-рӯзноманигор ва таҳлилгари умури муҳоҷират аз Қирғизистон дар Маскав дар ин бор чунин мегӯяд:

“Воқеан ҳам ҳоло марҳилае пеш омадааст, ки ҳамаи диаспора ё ҷамъиятҳое, ки аз Осиёи Марказӣ дар парокандагӣ фаъолият мекунанд, бо ҳам муттаҳид шаванд ва бо якдигар ҳамкорӣ кунанд. Вале чунин нест. Диаспораҳо дар танҳоӣ фаъолият мекунанд. Масалан, муҳоҷирони Қирғизистон 5-6 диаспора доранд, дар як диаспора наметавонанд муттаҳид шаванд. Агар бихоҳанд, ки муҳоҷирони корӣ ҳар чӣ зудтар ба ҷомеаи Русия мутобиқ шаванд, беҳтар аст диаспораҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, агар ҳамкорӣ ҳам накунанд, ҳадди ақал якдигарро донанд, то миёни онҳо каналҳои табодули иттилооту хабар хуб кор кунад”.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Ҳамаи ҷамъиятҳои муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамкорӣ мекунанд ва масъалаҳои худро бо онҳо дар миён мегузоранд. Ҳатто раҳбарони ҷамъиятҳои муҳоҷирон ба “Обшественная Палата”-и Русия даъват мешаванд ва дар баррасии масъалаҳои муҳоҷират ширкат меварзанд.


Боғшоҳи Лашкарбек
Боғшоҳи Лашкарбек
Аммо таҳлилгарони умури муҳоҷират мегӯянд, на ҳар масъалае, ки дар чунин нишастҳо матраҳ ва баррасӣ мекунанд, иҷро мешавад. Боғшоҳи Лашкарбек-раиси ҷамъияти “Нур” дар Маскав дар ин бора чунин назар дорад: “Муттаассифона, ҳар чизе, ки аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод мешавад, дар бахши фарҳангӣ мо дастгирӣ мебинем, вале дар бахши ҳуқуқӣ ин кори мушкил аст. Масъалаҳои ҳуқуқӣ аз роҳи додгоҳу дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳали худро меёбанд. Ҳатто, агар мо як созмони ҷудо ҳам таъсис диҳем ва масаъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирро ҳадафи кори худ қарор диҳем, фикр намекунам, ки он тасмиме, ки мо мегирем, он дар амал натиҷае бидиҳад ё онро бипазиранд ва аз рӯи он кор кунанд ва аз ҳуқуқи муҳоҷир дифоъ кунанд. Ҳар чизе бигӯӣ боз ҳам мегӯянд, ки онро бояд ба додгоҳ ё ба фалон ҷой бидиҳӣ ва онҳо баррасӣ кунанд”.

Дар гузашта намунаҳои зиёде мушоҳида шудааст, ки масалан, корфармоён коргарони худ, яъне муҳоҷиронро аз кор рондаанд ва музди кори онҳоро пардохт накардаанд. Баъд аз шикояти муҳоҷирон ин корфармоён пулисро даъват кардаанд ва мисли масали тоҷикии ”болои сӯхта намакоб” пулис аз корфармо ҳимоят кардааст ва дар ниҳояти амр муҳоҷири корӣ гунаҳгор ҳам шинохта шудааст.

Хуршедаи Даврондухт-раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав мегӯяд, агар ниҳоде ташкил шавад, ки чунин рафтори корфармоёнро “ба гӯш”-и сохторҳои давлатӣ расонад, кори хубе мешавад.


Хуршедаи Даврондухт
Хуршедаи Даврондухт
“Агар ҳамин хел ягон ташкилот пайдо шавад ва ба сохторҳои давлатӣ муроҷиат карда, мушкилиҳои муҳоҷиронро осонтар намояд, ба назари ман хеле хуб мешавад. Лекин ман гуфтанӣ ҳастам, ки имрӯз на танҳо ҳуқуқи муҳоҷирон вайрон мешавад, балки ҳуқуқи худи шаҳрвандони Русия ҳам, муттаассифона, вайрон мешавад. Барои ҳамин, агар ин хел сохторҳои ҷамъиятие пайдо шавад, ки ба сохторҳои давлатӣ таъсир расонад, ин чизи бад нест, чунки мо акнун ҳамчун ҷамъияти гражданӣ оҳиста-оҳиста ба по мехезем”.

Аммо оқои Лашкарбек ба муассир будани фаъолият ва тасмимҳои чунин созмонҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ё шӯрои ҳамоҳангии ҷамъиятҳои Осиёи Марказӣ хушбин нест ва мегӯяд, ҳар гоҳ, созмоне ё ҷамъияте ба дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷир бармехезад, дармеёбад, ки муҳоҷир ғайриқонунӣ кор мекунад ва гӯё муҳоҷир қонунро риоят накардааст.

Боз ҳам аз оқои Лашкарбек мепурсам, дар чунин мавридҳо оё корфармо ё соҳибкор гунаҳгор нест, ки коргарро, яъне муҳоҷирро ғайриқонунӣ ба кор сафарбар кардааст? Вай чунин посух медиҳад:

“Вақте, ки расман ба кор гирифта нашудааст, ту дигар ҳар даъвое пеш орӣ, мушкил аст барои ту исбот кардан. Корфармо адвокат дорад, аз корфармо дифоъ мекунад. Аз рӯи қонун мебинад, ки коргар сабти ном нашудааст, ҳатто инкор мекунад, ки чунин одамро ба кор нагирифтааст ва мисли инҳо”.

Оқои Лашкарбек мегӯяд, ба ҳар роҳе гуноҳ бар дӯши муҳоҷири корӣ бор мешавад ва соҳибкор “аз об хушк берун меояд”, гарчӣ корфармо барои пардохт накардани молиёт коргарро расман дар корхона ё ширкаташ сабти ном накардааст. Оқои Лашкарбек эътироф мекунад, ки дар ин маврид корфармо муҳоҷирро ғайриқонунӣ ба кор гирифааст ва корфармо дар қадами аввал қонунро риоят накардааст. Маъмулан дар чунин пешомадҳо муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вазъи яксон қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG