Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти раҳоии гаравгонон аз чанголи роҳзанони Сомалӣ


Нерӯҳои Амрико бо юрише дар Сомалӣ як шаҳрванди ин кишвар ва як шаҳрванди Данияро аз дасти роҳзанҳо озод кардаанд. Онҳо бо чархбол ба ин минтақа рафта, бо роҳзанҳо даргир шудаанд ва 9 нафари онҳоро куштаанд. Шӯрои Даниягии Паноҳандагон як муассисаи имдодӣ дар баёнияе гуфт, Ҷессика Бучанан, як зани амрикоӣ ва Пол Ҳаген Тистед, марди даниягӣ субҳи чаҳоршанбе дар “амалиёте дар Сомалӣ” раҳо шуданд. Як мақоми минтақаи Галмудуг дар Сомалӣ гуфт, ки дар ин амалиёт 9 роҳзанро кушта ва 5 нафари дигарашонро дастгир карданд. Нахуствазири Дания аз раҳоии гаравгонон ибрози хушҳолӣ кард. Артиши Амрико ҳанӯз дар ин замина баёнияе надодааст.
XS
SM
MD
LG