Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Худкомаҳо дар ҳар сояе "Баҳори Араб"-ро мебинанд


"Баҳори Араб" асари наққоши эронӣ Алиризо Дарвеш.
"Баҳори Араб" асари наққоши эронӣ Алиризо Дарвеш.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, тарси раҳбарони худкома аз "Баҳори Араб" ба афзоиши саркӯбгарӣ сабаб шудааст.

Намояндаи баландпояи Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW) ҳангоми муаррифии гузориши солонаи ин ниҳод дар бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк гуфт, решаи саркӯби норозиён дар Осиёи Марказӣ дар ҳароси диктаторҳои ин минтақа аз шӯришҳои шабеҳи "Баҳори Араб" аст. Мудири HRW дар умури равобит бо СММ, Филип Болопён, аз ҷумла гуфт, бархӯрди ҳукумати раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба мухолифонаш дар соли гузашта шиддати бештар касб кард ва ин дар ҳолест, ки Озарбойҷон акнун узви даврии Шӯрои Амнияти СММ шудааст: “Барои намуна, Озарбойҷон акнун узви Шӯрои Амният аст ва ин яке аз кишварҳоест, ки ман фикр мекунам, ҳукуматаш, монанди бисёре аз режимҳои худкомаи ҷаҳон аз Баҳори Араб хеле тарс хӯрдааст. Аммо дар Озарбойҷон вақте ки мардум мехоҳанд, хашми худро дар кӯча баён кунанд, хеле зуд ва гоҳе бераҳмона саркӯб мешаванд.”

Дар гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки бештар ба "Баҳори Араб" тамаркуз ёфтааст, гуфта мешавад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон дар соли гузашта назар ба як сол пеш “бадтар” шудааст. Бино бар ин гузориш, Қазоқистон, дар зери сарварии Нурсултон Назарбоев, натавонист, ваъдаҳои деринаи беҳбуди ҳуқуқи инсон ва ислоҳотро ба иҷро расонад. Баръакс ин талошҳо зарбаҳои бештар дид. Зимнан, саркӯби хунини тазоҳуркунандагон дар Жанаозен ба ин гузориш шомил нашудааст, вале як далел ва бозтоби гуфтаҳои Болопён мебошад.

Қирғизистон “ҳамоно гирифтори пайомадҳои хушунати байниқавмии моҳи июни соли 2010 аст” ва ҳарчанд фазои озодии матбуот дар ини кишвар ба таври куллӣ васеътар шуд, мақомот бо ҳар роҳу васила дар пайи маҳдуд кардани озодии баёнанд.

Вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон “бад боқӣ мемонад" ва бино ба хулосаи ин созмон, қонунҳои нав озодии дин ва таълимро дар соли 2011 маҳдуд карданд. Ҳарчанд қонунҳо ҷамъомад ё тазоҳуротро як ҳаққи шаҳрвандон медонанд, ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ба камтарин истифода аз ин ҳақ иҷоза надиҳад. Дар гузориш ҳамчунин аз фишор ба журналистон, шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва нақзи ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ шудааст.

Созмон Туркманистонро дар зери сарварии раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "яке аз кишварҳои саркӯбгари ҷаҳон" меномад, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар дар он зери фишор ва таҳдидҳои ҳукумат ба сар мебаранд.

Ва дар Узбакистон, бино бар ин гузориш, вазъи ҳуқуқи башар “тарснок боқӣ мондааст”. Ҳукумати раисиҷумҳур Ислом Каримов ба тазоҳуроти шабеҳи "Баҳори Араб" бо афзоиши ҳузури маъмурони амниятӣ дар саросари кишвар ва маҳдуд кардани озодии истифода аз интернет посух додааст.

Болопён гуфт, он чӣ ин кишварҳо мекунанд, такрори ҳамон вокуниши режимҳоест, ки бо "Баҳори Араб" рӯбарӯ шуданд. "Онҳо сабақи беҳтаре аз ин рӯйдодҳо набардоштаанд ва фикр мекунанд, саркӯби норозиён беҳтарин роҳи аз байн бурдани эътироз аст, ҳол он ки, ҷаҳон шоҳид шуд, ки ин роҳ дар Ховари Миёна натиҷаи баръакс дод," -- гуфт Филип Болопён, намояндаи аршади Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch
XS
SM
MD
LG